РОҒУН – КОРЗОРИ НАНГУ НОМ! Сарвари давлат аҳли фарҳангро баҳри рўҳбаланд сохтани бунёдгарони иншооти азими аср ҳидоят намуданд
Опубликовано вт, 22/08/2023 - 10:08 пользователем tvtАз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун», ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор мекунанд, то имрӯз, аллакай, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. Дар ин хусус зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 августи соли равон дар мулоқот бо бунёдгарони НБО-и Роғун иттилоъ дода шуд.

