Хабар

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд

Имрӯз дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

ВОРИСОНИ СИНО. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 50 корманди фаъоли соҳаи тиб қадрдонӣ гардид

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 50 нафар кормандони соҳаи тиб, ки дар ноҳия фаъолияти намунавӣ  доранд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.  

Тазаккур дода шуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд намуда ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд

Дар шаҳри Кӯлоб даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар он 458 нафар довталабон аз ноҳияҳои минтақа иштирок намуда, байни ҳам маҳорат меозмоянд, иттилоъ медиҳад мухбири  АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Страницы