Пешвои миллат: Татбиқи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 ташвишовар боқӣ мемонад
Опубликовано пт, 01/09/2023 - 14:39 пользователем tvtВазъи иҷрои татбиқи қисматҳои асосии Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, то ҳанӯз ташвишовар боқӣ мемонад. Чунин изҳор доштанд имрӯз Сарвари давлат зимни суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара.

