Хабар

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истаравшан мактаб ва қасри фарҳанг бунёд карда мешавад

Ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони иншооти гуногун идома дошта, саҳми соҳибкорон низ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ назаррас аст.​  

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи он кишвар ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Ба таври махсус ҳифз гардидани он дар Тоҷикистон аз ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисони соҳа дарак медиҳад

Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Покистон Конфронси байналмилалии илмиву амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» доир гардид. Конфронси мазкур  29 июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зидде

Страницы