Талаботи ҷаҳонии тилло дар шашмоҳаи аввал аз ҳисоби хариди фаъоли бонкҳои марказӣ нигоҳ дошта шуд
Опубликовано чт, 03/08/2023 - 12:17 пользователем tvtТалаботи умумӣ ба тилло, аз ҷумла ҷараёнҳои биржавӣ ва ғайрибиржавӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 2460 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% афзудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC) маълумот додааст.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки ба истифодаи тилло хариди рекордии бонкҳои марказӣ, шароити мусоиди сармоягузорӣ ва талаботи устувор ба ҷавоҳирот таъсири мусбат расонидааст.