Хабар

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

28 июл таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

2500-СОЛАГИИ «ТАХТИ САНГИН». Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои таҷлили ин ҷашни таърихӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинад

Имсол  дар Тоҷикистон 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» таҷлил мешавад, ки дар робита ба ин аз ҷониби  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ дод Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

«АНДАЛЕБ-2023». Дар шаҳри Турсунзода даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ доир шуд

25 июл дар шаҳри Турсунзода даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» доир шуд. 

Дар озмун аъзои ҳакамон ва роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, пеш аз оғози фестивал ҳакамон бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳри Турсунзода шинос шуданд. Яке аз шартҳои ин озмун баргузор намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки иштирокчиён маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд.

Страницы