Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар «Russian judo tоur» дар Красноярск иштирок менамояд
Опубликовано чт, 03/08/2023 - 12:11 пользователем tvt4-7 август дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи «Russian judo tоur» баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.