Хабар

Оғози фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара» бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

Сипас дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.

Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара боздид намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуданд.

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи ноҳияи Данғара

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Дар ин ноҳияи аграрии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳодати хосса истиқбол гирифтанд.

Страницы