Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Германия баррасӣ гардид
Опубликовано ср, 11/09/2019 - 19:23 пользователем admin
Имрӯз, 11 сентябр, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.


11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим якчанд иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун, ки аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.