Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано чт, 12/09/2019 - 13:13 пользователем admin12 сентябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт.

