Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгардро дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллиро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум»-ро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум»-ро ифтитоҳ намуданд.

Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад.

Дар қисми болоии рамз соли таъсис ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Дар Душанбе бахшида ба 28–солагии Истиқлолияти давлатӣ мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мегардад

14 сентябри соли равон, соати 15:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишии аспдавонӣ баргузор мегардад.

Страницы