Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк якчанд мулоқоти судманд анҷом дод
Опубликовано пн, 23/09/2019 - 16:23 пользователем admin
22 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин якчанд мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.


21-22 сентябр бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Пур-Нур» Фестивали хӯрокҳои миллӣ ва мусиқии «Пур-Нур» баргузор гардид.
Чор нафар сайёҳи исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум задаанд, наҷот дода шуданд. Онҳо дар маконе роҳгум задаанд, ки на мошин ва на чархбол имкони рафтан надошт.