Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур дар Ню-Йорк

25 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Сингапур Вивиан Балакришнан вохӯрӣ намудДар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳо ва роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, фанновариҳо ва дигар мавриди муҳокима қарор доданд.

Инчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: