Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд

17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» оғози расмӣ бахшиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта шуд.

Самти фаъолияти корхонаи нав ба истеҳсоли семент нигаронида шуда, он бо ҷалби сармояи мустақим сохта мешавад.

Страницы