Иштирок ва суханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ

25 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни СММ ва созмонҳои минтақавӣ дар пойдории сулҳу суботи байналмилалӣ: нақши СҲШ, ИДМ ва СААД дар муқовимат бо терроризм» иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад,  Сироҷиддин Муҳриддин аз афзоиши сатҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ намуда, нақши созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СҲШ, ИДМ ва СААД-ро ҷиҳати пурзӯр намудани кӯшишҳои СММ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.

С. Муҳриддин инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла тариқи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷалб кард.

АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: