COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 500 нафар расид
Опубликовано сб, 04/04/2020 - 11:27 пользователем admin
Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қазоқистон ба 500 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 29 ва 4 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.


3 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
3 апрел дар майдони Қалъаи Ҳисор маросими шаҳрии гусели 150 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ, падару модарони наваскарон ва ҷавонони шаҳр иштирок намуданд.