Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаро баррасӣ карданд

Бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7371 гектар ғалладонагӣ, 8400 гектар пахта, 2544 гектар сабзавот, беш аз 900 гектар картошка, 500 гектар полезӣ ва 3959 гектар зироати хўроки чорво кишт ва парвариш карда мешавад. Инчунин бо мақсади гирифтани се-чор  ҳосил ва ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ дар хоҷагиҳои ноҳия гузаронидани кишти такрории зироати кишоварзӣ дар 3000 гектар пешбинӣ шудааст.Дар семоҳаи аввали соли равон  аз ҷониби соҳибкорон 150 гектар замини минтақаҳои Рухак ва заминҳои ҳудуди ҷамоатҳои Исмоил ва Дадобой Холматов ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар онҳо боғ бунёд карда шуданд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

20 апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 апрел дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуда буданд, бо фаъолони ин ноҳия мулоқот намуд. Зимни мулоқот Раиси вилоят зикр кард, ки имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақша дар майдони беш аз 23 000 гектар зироат кишт мешавад.

Зикр шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 163 167,9 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида солҳои охир тадбирҳо андешида мешаванд. Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия таъкид кард, ки нақшаи кишти зироат бояд сари вақт ва бо сифат иҷро карда шуда, ба гузаронидани кишти такрорӣ эътибори зарурӣ дода шавад. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз иҷрои босифати корҳои саҳроӣ вобастагии калон дошта, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонону сокинон бояд аз заминҳои кишоварзиву наздиҳавлигӣ пурсамар истифода намоянд.

Дар фарҷоми мулоқот ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи пешбинишудаи кишти зироат, ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани кишти пахта ва картошка, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини фаъолияти муназзами гармхонаву сардхонаҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои холимонда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус дастуру супоришҳо дода шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: