ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба миллион нафар наздик мешавад
Опубликовано чт, 02/04/2020 - 10:50 пользователем admin
Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 935 ҳазор нафар расида, теъдоди шифоёфтагон аз 194 ҳазор кас ва фавтидагон аз 47 ҳазор тан гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.


Ҳарчанд то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, новобаста ба ин муассисаҳои тандурустӣ бояд ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта ҳамаҷониба омода бошанд.