Хабар

«Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская» дар намоишгоҳи «ProdExpo-2020» соҳиби ду медали тилло гардиданд

Обҳои ташнагишикани «Лимонад №1» ва «Хаватаг №1 Докторская»-и  ширкати «Евро Азия-2005»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  озмуни «Маҳсулоти беҳтарин», ки дар  доираи намоишгоҳи «ProdExpo-2020»  дар шаҳри Москва доир шуд,  соҳиби 2 медали тиллоӣ гардиданд.

Дар Чин шумораи қурбониёни коронавирус ба 1770 нафар расид

Дар Чин шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав COVID-2019 ба 70,5 ҳазор нафар расид. Табибон вазъи 10.6 ҳазор беморро вазнин арзёбӣ менамоянд. 1770 нафари дигар вафот карданд. Як рӯз қабл дар бораи 68,5 ҳазор сироятёфтагон ва 1665 қурбонӣ иттилоъ расида буд.

Дар «Сафеддара» лижаронони беҳтарин муайян гардиданд

Аз  15  то 16 феврал  дар Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» байни наврасону ҷавонон (духтарон, писарон) Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Страницы