Кишоварзони Ҳисор дар майдони 600 гектар кишти такрории картошка мегузаронанд
Опубликовано чт, 23/07/2020 - 13:34 пользователем adminКишоварзони шаҳри Ҳисор азм доранд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 600 гектар картошка кишт намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоранд. Тибқи иттилои масъулини Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, то имрӯз аллакай дар майдони 65 гектар картошка кишт намудаанд.