Ғолибони даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол муайян шуданд

Дар доираи бозиҳои  даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар майдони худ дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвонро қабул намуда, бо ҳисоби калони 11:0  мағлуб намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозӣ аз дақиқаҳои аввал бо бартарии дастаи футболи  «Истиқлол» сурат гирифта, ҳисоб дар нимаи аввал аллакай 5:0 ба фоидаи бозингарони дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  буд. Дар қисмати дуюм  дастаи  «Истиқлол» 6 голи дигар ба ҳадаф расонида, ба даври ¼- ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Акнун дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар даври ¼-ниҳоӣ бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб рақобат мекунад. Дар вохӯри дигари ин давр дастаи футболи  «Равшан»-и  ноҳияи  Зафаробод аз   дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби  4 :1 мағлуб гардид.

Ҷоми Тоҷикистон. Даври 1/8- ниҳоӣ

«Истиқлол» – «Моҳир» – 11:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 5 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 18 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 25 пеналти   (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 30 (4:0). Ваҳит Оразсахедов, 31 (5:0). Эҳсони Панҷшанбе, 63, (6:0). Шериддин Бобоев, 66 (7:0). Алишер Ҷалилов, 68 (8:0). Ваҳдат Ҳанонов, 73 (9:0). Рустам Соиров, 81 (10:0). Шериддин Бобоев,86 (11:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Дилшод Додобоев, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (Зоир Ҷурабоев,46), Алексей Ларин, Ваҳдат Ҳанонов, Искандар Ҷалилов (Муҳаммад Раҳимов, 46) М, Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед-Тимур Ҷураев (Амадонӣ Камолов, 46), Алишер Ҷалилов, Ваҳит Оразсахедов (Рустам Соиров, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 46).

«Моҳир» (Ёвон): Суҳроб Нуров, Манучеҳр Хидиров, Савриддин Раҷабов, Алишер Қурбонов, Муродбек Юсупов (Анваралӣ Каримов, 58), Алишер Куганов (Саидакбар Ҷурақулов, 46), Шаҳбоз Сафаров (Ҷовидон Ғиёсов, 40), Баҳровар Ҳалимов, Акмал Зулполиев, Муҳаммадбобур Юсупов, Дилшод Тағоев (Хоҷиакбар Холмуродов, 58).

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» – 1:4

Голҳо: Боҳирҷон Сангинбоев, 14 (0:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 44 (0:2). Ҷурабой Исоев, 60 (0:3). Мубинҷон Муминов, 61 (0:4). Азизбек Маҳкамов, 86 (1:4).

 «Истаравшан» – КМВА – 3:1

Голҳо: Азизҷон Шамсиев, 23 – (худгол) (0:1). Илҳом Баротов, 57 –пеналти (1:1). Илҳом Баротов, 99 (2:1). Отабек Каримов, 111 (3:1).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» – 3:2

Голҳо: Саидамири Саидаҳмад, 34 (1:0). Шоди Муродов, 44 (2:0). Насим Маматкулов, 67 (2:1). Баҳриддин Юсупов, 74 (2:2). Далер Шомуродов, 97 –пеналти (3:2).

«Барқчӣ» – «Локомотив-Помир» – 1:2

Голҳо: Ислом Зоиров, 19 (0:1). Ислом Зоиров, 64 (0:2). Зуҳриддин Фузайлов, 70 (1:2).

АМИТ «Ховар»