Хабар

ФУТБОЛ. Аҳтам Назаров ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргашт

Бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Аҳтам Назаров, ки дар Чемпионати Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Имрӯз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ мегузаронанд

Имрӯз, 23 июл Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Страницы