Олимон хатари аксуламали эминии баданро дар мубориза бо коронавирус муайян карданд

Коронавирус дар бадани инсон вокуниши шадиди эминӣ ба вуҷуд меорад, ки ба паҳншавии уфунат муқовимат менамояд. Маълумоти олимони Донишгоҳи Сан-Франсиско дар портали MedicalXpress интишор ёфтааст, — хабар медиҳад АМИТ Ховар.

Коршиносон муайян карданд, ки бадан кӯшиш мекунад пас аз чанд дақиқаи сироятёбӣ бо вирус муқовимат намояд. Бинобар ҳамин вокуниши фаврӣ ва шадиди эминӣ дар вуҷуди беморон дар рӯзи 11-уми гирифторӣ аксар вақт дар шакли илтиҳоби шадиди шушҳо инкишоф меёбад, ки бо номи дистресс-синдроми шадиди узвҳои нафаскашӣ (ARDS) маъмул аст.

Дар ҷараёни таҳқиқот олимон инчунин муайян кардаанд, ки коронавирус на танҳо ба ҳуҷайраҳои системаи нафаскашии одам, балки ба узвҳои дигар низ метавонад ворид ва сироят кунад. Вирус тавассути хорҳои сафеда амал мекунад ва садди муҳофизатии ҳуҷайраҳои инсонро ба осонӣ «мебурад». Таҳқиқот нишон дод, ки роҳҳои нафаскашӣ — роҳи осонтарини воридшавии вирус ба бадан мебошанд.

Маълумот дар бораи паҳншавии SARS-CoV-2, ки боиси бемории COVID-19 мешавад, бори аввал охири моҳи декабри соли гузашта пайдо шуда буд. Шаҳри Ухани Чин манбаи сироятёбӣ гардид. Дар тӯли чанд моҳ беморӣ беш аз 210 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Рӯзи 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемияи коронавирусро эълон кард.

АМИТ «Ховар»