Тасдиқи нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардад.

Барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар формати PNG)