Раиси Ҷумҳурии Эфиопия эътиборномаи Сафири Тоҷикистонро қабул намуд

Раиси Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Мулату Тешоме 9 август дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозириро қабул намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия мусоидат кунад.  Бо ишора ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, Раисҷумҳури Эфиопия ба аҳамияти ҳамкории ду давлат дар ин замина дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.
Дар поёни суҳбат Раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар карда, хоҳиш намуд, ки дуруду паёми ӯ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.