Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байни парлумонӣ таҳти унвони «Ҷаҳони кушода» ба Амрико сафар намуданд

Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба Амрико сафар намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, вакилони Маҷлиси намояндагон Баҳодур Акрамзода, Гулбаҳор Ашурзода, Фирӯза Шарифӣ ва кормандони масъули дастгоҳи мақоми олии қонунбарор Хушмуҳаммад Нуридинзода ва Абдулвоҳид Аслонов бо дастгирии Сафорати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи табодули байни парлумонӣ таҳти унвони «Ҷаҳони кушода», ки рӯзҳои 9-21 апрели соли равон дар Амрико доир мегардад, иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз барномаи мазкур шиносоӣ ба таҷрибаи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар соҳаи роҳбарикунӣ ва идоракунӣ мебошад. Ширкаткунандагони барнома дар давоми даҳ рӯз, аз ҷумла бо фаъолияти мақомоти федералӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ ошно хоҳанд шуд.

АМИТ "Ховар"