Рӯзи Президент барои шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ мусоидат менамояд-бардошт аз ҳамоиш дар Душанбе

Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Шакли идоракунии президентӣ» ҳамоиш доир гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар кори он раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода, кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрик намуда, даъват ба амал овард, ки Суруди миллӣ бо овози зинда хонда шавад. Сипас Идигул Қосимзода иброз дошт, ки сиёсати миллии ҳар як мамлакати соҳибистиқлол дорои хусусияти хоси худ буда, мазмуни асосии он дар баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ, рамзу анъанаҳои миллӣ таҷассум ва заминаи муҳим барои дарки худшиносӣ, комёб гардидан ба пешрафту дастовардҳои мамлакат мебошад.

«Рӯзи Президент заминаи пешрафти истиқлолияти сиёсӣ буда, барои дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ ҳар як соҳибватан бояд аз Пешвои миллат ифтихор дошта, парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад»,-гуфт И. Қосимзода.

Раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иброз дошт, ки «таърих ношон дод, ки маҳз ташаббусҳои Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии ояндадор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамин аст, ки имрӯз  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 161 давлати дунё сафорат ва намояндагиҳои худро дорад ва 193 давлати ҷаҳон онро ба расмият шинохтаанд».

Абдураҳим Холиқзода ҳамчунин илова намуд, ки аслан ду намуди шакли идоракунии давлат вуҷуд дорад- яке шакли идоракунии парлумонӣ ва дигаре идоракунии президентӣ. «Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шакли идоракунии Президентӣ амал менамояд. Ин институти президентӣ ба миллати тоҷик дар роҳи ҷомеаи конститутсионӣ хизмати зиёд намуд, ки ин ҳама бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст».

Дар ҳамоиш донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Шакли идоракунии президентӣ» маърӯза намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: