Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ART-EXPO дар Қазоқистон иштирок дорад

ТВТ.10.09.2022. Дастовардҳои назаррас, лоиҳаҳои бузург, рӯйдодҳои муҳим, чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳсулоти электронии рассомон ва устодони санъати амалии кишварҳои узви ИДМ – ҳамаи инро меҳмонони Осорхонаи миллии пойтахти Қазоқистон, ки дар он 7-10 сентябр Намоишгоҳи байналмилалии ART-EXPO-и давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад, метавонанд бубинанд. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре маълум аст, бо қарори сарони давлатҳои аъзои ИДМ аз 18 декабри соли 2020 соли 2022 Соли ҳунарҳои мардумӣ ва меъроси фарҳангии кишварҳои ИДМ эълон шудааст.

Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад, ки намоишгоҳи «Эҷодиёти мардумӣ дар фазои санъат» дар чорчӯби татбиқи ин ғоя баргузор мешавад.

«Робитаҳои фарҳангӣ байни мамлакатҳои мо фаъолона инкишоф ёфта, шаҳрвандони давлатҳоямон ба меъроси маънавии ҳамдигар мароқи самимӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз мо намоишгоҳро ифтитоҳ карда, ба асарҳои эҷодии рассомон, ҳайкалтарошон, устодони санъати амалии Қазокистон, Узбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Беларус аз наздик шинос шуданро пешкаш менамоем. Мутмаинам, ки намоишгоҳ ба қалби тамошобинон роҳ меёбад ва таассуроти фаромӯшнашаванда мегузорад», — гуфт Вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Даурен Абаев зимни маросими ифтитоҳи намоишгоҳ.

Дар намоишгоҳ бо иштироки ҳунармандон аз рӯи санъати нассоҷӣ, кулолгарӣ ва заргарӣ машғулиятҳо баргузор карда мешаванд.

Илова бар ин, ба хотири роҳандозии робитаҳои эҷодӣ миёни сохторҳои дахлдор ва созмонҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ муаррифии дастовардҳои онҳо дар соҳаи ҳунари мардумӣ доир мегардад.

Ҳамчунин, дар доираи намоишгоҳ баргузории як қатор ҷаласаҳои дуҷонибаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, намоиши сарироҳии осорхона, инчунин тамошои толорҳои нигораҳои Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқисон дар назар аст.

ART EXPO чорабинии маҷмӯӣ дар доираи ИДМ буда, ба рушди ҳамкорӣ, тарғиби ваҳдати байни миллатҳо, эҳтиром ба фарҳанг, забон ва анъанаҳои дигар халқҳо, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли наврас равона шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: