«Дӯстдорони табиат» барои кумаки ғизоӣ ба паррандагону ҳайвоноти ваҳшӣ ба «Наҷот» мепайванданд

Як гурӯҳи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ва ихтиёриён ба кӯҳу пуштаҳо баромада, дар мавзеъҳое, ки одатан паррандагон ҷамъ мешаванд, дони гандум ва алаф партофтанд. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев гуфт, ки ҳамасола паррандагону ҳайвоноти ваҳшӣ гулу буттаҳои хушкшударо истеъмол мекарданд ва чандон ниёз ба ғизои иловагӣ надоштанд.
«Аммо имсол ғафсии барф дар кӯҳдоманҳо аз як метр боло рафт ва тамоми гулу буттаҳоро пӯшонид. Аз ин рӯ паррандагону ҳайвонот дар ҷустӯҷуи хӯрок аз қуллаҳои кӯҳу даман ба марзҳои маҳаллаҳои аҳолинишин фуромаданд. Имрӯз ҳатто сокинони баъзе аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо садои кабкони дарӣ аз хоб бедор мешаванд. Аз ин рӯ раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ба сокинони шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кард, ки мувофиқи имконият ба паррандагону ҳайвоноти ваҳшӣ дасти кумак дароз кунанд»,-иброз дошт Мулкамон Назаралиев.
Амалиёти «Наҷот» то даҳаи дуюми моҳи март идома меёбад ва баъди муътадил шудани вазъи ҳаво омӯзгорону шогирдони мактабҳо, ки бештарашон шомили маҳфили «Дӯстдорони табиат» мебошанд, ба ин амалиёт пайваст хоҳанд шуд.