Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии ҷавонон дар Душанбе баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои татбиқ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самти баланд бардоштани сатҳи фаъолнокӣ ва ибтикори ҷавонон, коҳиш додани таъсирпазирии онҳо ба даъватҳои ифротгароёна ва мустақилияти иқтисодии ҷавонон 11 июн зимни мулоқоти фосилавии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, ҷонибҳо доир ба дастгирии ҷавонон ибрози андеша намуда, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои пурсамари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва агентиҳои он идома хоҳанд дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: