Парлумони Тоҷикистон Шартномаи шарикии стратегии байни Тоҷикистону Туркманистонро тасдиқ кард

Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба тасвиб   расониданд.

Зикр шуд, ки  санади  мазкур бо дарназардошти умумияти таърихию фарҳангии халқҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ва бар асоси эътирофи тарафайн ва эҳтироми ҳуқуқҳои истиқлолияти ҳар як давлат дар амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ ба имзо расида, он ба талоши роҳандозии муносиботи  дуҷониба дар сатҳи сифатан нави мувофиқ ба иқтидори ҳамкории ду давлат мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон моҳи ноябри соли 2017 зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

​АМИТ "Ховар"