Парламент

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар нашрияҳо «Равзанаи Парлумон» боз мекунад

Бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои мамлакат гӯшаи  роҳандозӣ мешавад, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ҳангомасозиҳои иттилоотӣ  ва роҳ надодан ба нашри масъалагузориҳои таҳрикомез мебошад.

Дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва кумакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар маъракаи интихоботи президентӣ манъ карда мешавад

Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ,  шахсони  ҳуқуқӣ,  шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва  дигар намуди кумаку дастгирии моддии маъракаи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Парлумони Тоҷикистон санади байни Тоҷикистону Ҳиндустонро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад тасдиқ намуд

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро вакилони Маҷлиси намояндагон дирӯз тасдиқ  намуданд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни шарҳи масъала гуфт, ки ин санад моҳи декабри соли 2016 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расидааст.

Страницы