Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро баррасӣ намуд

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода  зимни тавзеҳи масъала гуфт, ки дар моддаи 1 лоиҳаи қонун мафҳумҳои «иншооти гидротехникии минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «тарифи хизмати обрасонӣ», матни моддаҳои 3 ва 6, қисми 3 моддаи 8, қисми 1 моддаи 12 такмил дода шуданд. Дар моддаи 15 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони дигари об пешбинӣ карда шудаанд. Инчунин матни лоиҳаи Қонун ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»,  «Дар бораи боҷи давлатӣ», Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба кодексҳои  андоз ва гумрукро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки  масъалаҳои матраҳгардида барои  баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

АМИТ «Ховар»