Имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд.
Ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ арзёбӣ мегардад.
АМИТ«Ховар»