Ба қонуни иттифоқҳои қарзӣ тағйирот ворид карда мешавад

Вакилони  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» тағйиру иловаҳо ворид мекунанд. Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёни  Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси  Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф  аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур мутобиқ намудани он ба Конститутсия ва талаботи дигари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АМИТ "Ховар"