Парлумон ба Қонун «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул намуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии  Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз  дар шаҳри Душанбе доир шуд, муҳокима гардид.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ба инобат гирифтани вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, тақвият ёфтани терроризм ва экстремизм, мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи террористӣ дар ҳудуди мамлакат, ки метавонанд ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд, инчунин пайдо намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти разведкаи ҳарбӣ берун аз мамлакат таҳия гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ дар баробари дигар масъалаҳо  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ»-ро низ муҳокима намуданд.

Мавриди зикр аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АМИТ «Ховар»