Дар ҷумҳурӣ омодагӣ ба Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон, ки нимаи дуюми моҳи октябри ҳамин сол баргузор мегардад, идома дорад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Мулоқоти мазкур аллакай ба ҳукми анъана даромада, имсол маротибаи сеюм – дар Рӯзи соҳибкорон, ки аз соли 2014 инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.
Дар чорчӯбаи омодагиҳо ба ҷашни «Рӯзи соҳибкорон-2017» дар ҷумҳури гузаронидани чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 25 сентябр дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши «мизи мудаввар» бахшида ба оғози татбиқи барномаи «Бонувон ва тиҷорат» баргузор гардид.
Ҳамчунин тадбирҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:
10 ОКТЯБР: даври чоруми озмуни «Старт-ап Choikhona». Макон: шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон. Ташкилкунанда: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
11 ОКТЯБР: ҳамоиши «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бахши хусусӣ». Макон: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Шератон». Ташкилкунанда: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
12 ОКТЯБР: конфронс дар мавзӯи «Рушди хизматрасониҳои машваратӣ дар Тоҷикистон. Тарғиб ва рушди хизматрасониҳои тиҷорат». Макон: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси».
Ташкилкунанда: Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ.
13 ОКТЯБР: ҳамоиши «мизи мудаввар» оид ба дастгирии соҳибкории бонувон ва рушди ҳунармандӣ. Макон: шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Ташкилкунанда: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
13-15 ОКТЯБР: намоишгоҳ-фурӯши миллии маҳсулоти ҳунармандӣ. Макон: шаҳри Душанбе, Маркази исмоилия.
Ташкилкунанда: Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон.
17 ОКТЯБР: семинар дар мавзӯи «Роҳҳои дастгирӣ ва рушди соҳибкории ҷавонон дар Тоҷикистон». Макон: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси».
Ташкилкунанда: Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АМИТ "Ховар"