Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе довталабонро барои иштирок дар озмуни ишғоли мансабҳои холӣ даъват менамояд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  барои ишғоли  30 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон намуд.

Дар ин бора  аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд.

Номгӯи мансабҳои мазкур  чунин аст:

1.Мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.  Довталабони ин мансаб  бояд  таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ   ва 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони  ин мансаб  доштани  таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, сотсиологӣ, равоншиносӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ ва  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мудири бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 Аз  довталабони ин мансаб  талаб карда мешавад, ки  таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои мувофиқ ва 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд.

  1. Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб ва 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мудири бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии молиявӣ ва баҳисобгирии иқтисодӣ, инчунин 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансабҳо  доштани таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисод ва молия ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Довталабони ин мансаб бояд таҳсилоти олии касбии соҳаи филологӣ ва ё журналистӣ ва  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ  мебошад;

  1. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони  ин мансаб бояд таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони  ин мансаб доштани  таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб  бояд таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд;

  1. Сармутахассиси бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани  таҳсилоти олии молиявӣ ва баҳисобгирии иқтисодӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони  ин мансаб бояд таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, сотсиологӣ, равоншиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ дошта бошанд;

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии соҳаи нақлиёт аст;

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони  ин мансаб  бояд таҳсилоти олии касбии агрономӣ, ҷангалпарварӣ, биологӣ ва экологӣ дошта бошанд;

  1. Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии соҳаи сохтмону коммуналӣ мебошад;

  1. Мутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб  бояд таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, филологӣ ва ё журналистӣ бошанд;

  1. Сармутахассиси Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии актёри драма ва кино, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ ва 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 Довталабони ин  мансаб  бояд таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филолог ё ихтисосҳои гуманитарӣ, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ, инчунин 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ мебошад;

  1. Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии актёри драма ва кино, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ мебошад.

22.Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филологӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ мебошад;

23.Мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб  бояд таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филологӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ дошта бошанд.

24.Мутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб  доштани таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии динӣ, ҳуқуқшиносӣ, филологӣ, шарқшиносӣ ё таърихшиносӣ  мебошад.

25.Мутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе

Довталабони ин мансаб бояд таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дошта бошанд.

26.Мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ин мансаб доштани  таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё илмҳои гуманитарӣ  мебошад;

Хотиррасон  менамоем, ки  барои ҳамаи довталабон  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд, ҳатмӣ мебошанд.

Тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ  маоши мансабӣ  барои мудирони шуъбаҳо 1207,90 сомонӣ,  мудирони бахшҳо 991,70 сомонӣ, сармутахассисон 894,40 сомонӣ, мутахассисони пешбар 733,20 сомонӣ ва  мутахассисон 603,20 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи  эълони мазкур  дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-35-68, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj