Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷударо риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред!

Нимаи дуюми 15 марти соли равон  дар километри 181-уми роҳи Душанбе –Чаноқ  бар асари бархӯрди мошини тамғаи «Land Rover», рақами давлатиаш 5594СТ01 бо мошини хизматии  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди  роҳ  А. Каримов ба ҳалокат расида, корманди дигари он  И. Муродов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  дар беморхона бистарӣ  гардид. Аз  ронанда ва мусофирони  мошини «Land Rover» ягон нафар осеб надидааст.

Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур хабар доданд,  кормандони зикршуда аз нафарони масъулиятшиносу поквиҷдон  буда, замони рух додани садама  онҳо дар ин масир  машғули коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш буданд.

Боиси  нигаронӣ аст, ки   баъзе ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро  риоя накарда, дар  аксар маврид суръати ҳаракатро баланд намуда, ба самти муқобили ҳаракат  мебароянд, ки   ин хавфи ба амал омадани садамаҳои нақлиётиро  ба вуҷуд оварда, боиси ҳалокати одамон мегардад.

Роҳбарияти филиали ширкат аз кулли ронандагон даъват ба амал меорад, ки  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва талаботи мавҷударо  риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Зеро тамоми ибтикороти кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири таъмини  ҳаракати бехатари мусофирону ронандагон нигаронида шудааст.

АМИТ «Ховар»