Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳ

Дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ин кишвар Ранил Викремесингҳ мулоқот намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Шри-Ланка ва густаришу тавсеаи минбаъдаи онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати нассоҷӣ, коркарди захираҳои табиӣ, саноати туризм ва инфрасохтори он, инчунин илму фарҳанг табодули афкор намуданд.

Муштаракоти зиёди иқтисодии Тоҷикистону Шри-Ланка омили муҳими фароҳамсози заминаи хуби ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки ба имзо расидани санадҳои нави дуҷониба дар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Шри-Ланка барои тавсеаву таҳкими ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун нақши муҳим бозида, ба таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Шри-Ланка оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои тоҷирону соҳибкорони ду давлат заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ, вазъи ҷаҳони муосир, амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»