Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифи тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад

«Паёми Пешвои миллат-барномаи амал дар самти рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию назариявӣ доир гардид.

Дар конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода   аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018-ро даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллӣ ва саҳифаи нави муаррифи тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.

Дар конференсия ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Паём-дастури раҳнамосоз дар самти сайёҳӣ», «Нақши Шӯрои байниидоравӣ дар таъмини рушди туризм дар вилояти Хатлон», «Ҳунарҳои миллӣ- муаррифи фарҳанги миллӣ» ва  «Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди туризми таърихӣ дар вилояти Хатлон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардиданд.

Таъкид гардид, ки  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ на танҳо манбаи болоравии сатҳи иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ, балки муаррифи тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар самти амалишавии ин иқдом саҳмгузор бошем.

АМИТ "Ховар"