Маркази миллии тестӣ: муҳлати бақайдгирӣ то 30 апрел тамдид карда шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли равон аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки бо сабаби зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати бақайдгирӣ (даври асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.
Тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16 то 30 апрел даври 1‑уми азнавбақайдгирии довталабон баргузор гардида, ҳамзамон раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалия (аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намоянд, ки қаблан дар он сабти ном шудаанд.
Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ 20 (бист) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола аз пардохти маблағи мазкур озод мебошанд.

АМИТ "Ховар"