Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доктор Риёз ал Маликӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин доктор Риёз ал Маликиро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре таъкид гардид, дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо бо Давлати дӯсти Фаластин таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда мешавад ва дар роҳи тақвияти муносибатҳои байнидавлатӣ бояд дар якҷоягӣ талошҳо ба харҷ дода шавад.

Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин ба нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли масоили минтақавию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода, омодагию ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ бо Тоҷикистон таъкид намуд.

Ҷонибҳо пайваста гузаронидани машваратҳои сиёсӣ, истифодаи имконоти робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, ташкили муколамаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои молу маҳсулотро дар кишварҳои ҳамдигар тадбири муҳими тақвиятдиҳандаи муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту субот дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.