Самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳон

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» буда, имрӯз кишвари мо бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамкории хубу  ягона ва мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар  ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи  «Масъалаҳои татбиқи  самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шароити таҳаввулёбандаи  ҷаҳонӣ» баргузор гардид, баён дошт.

Иштирокдорони ҳамоиш муҳимтарин  самтҳои  асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир  ва  вобаста ба Консепсияи  нави сиёсати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири  равандҳои нави байналмилалӣ ва таҳаввули  геополитикии минтақавӣ  ба амалисозии  сиёсати  хориҷӣ ва хусусиятҳои  сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити таҳавулёбандаи ҷаҳони муосир,  бахусус вазъи ноороми Афғонистон, афзоиши гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар ин кишвар ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарҳои  нав эҷод мекунад. Инчунин саркӯб ва танг гардидани мавқеи ДОИШ дар кишварҳои Шарқи Наздик аъзои ин гурӯҳи террористиро водор намудааст, ки ба давлатҳои Покистон ва Афғонистон паноҳ бурда, фаъолияти ифротгароии худро идома диҳанд. Тағйир ва хусусиятҳои нав гирифтани раванди бесуботӣ дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус вазъи геополитикии минтақа таҳдид  менамояд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Афғонистон 1400 км сарҳади давлатӣ дорад. Ин на танҳо сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки марзи тамоми кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ буда, барои ҳифзи марз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои аъзои СААД  тадбирҳои муҳиму саривақтӣ ва мушаххас меандешад. Ҳафтаи гузашта дар бархе аз ҳарбмайдонҳои Тоҷикистон  доир гардидани машқҳои муштараки низомӣ аз қудратмандии неруҳои низомии СААД дар ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳод башорат дод.

Дар ҳамоиш ҳамзамон масоили  марбут ба  Консепсияи  нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- заминасозии рушди дипломатия ва сиёсати бисёрсамта, дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи  муносибат дар соҳаи об, дипломатияи  фарҳангӣ ҳамчун  самти афзалиятноки  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дипломатияи иттилоотӣ ҳамчун бахши муҳими амнияти иттилоотии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

АМИТ "Ховар"