Ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад

Имрўз ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.

Меҳмононро дар истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, зимни ин сафари ҳайати бонуфузи Ӯзбекистон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мулоқоту суҳбатҳои судманд сурат гирифта, ҳамзамон якчанд созишномаҳо дар самтҳои мухталиф имзо хоҳанд шуд.