Паёми табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба рўзи илм ва 140-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ

Имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону донишмандони кишварро бахшида ба иди касбиашон – Рўзи илми тоҷик ва 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи илмҳои мамлакат устод Садриддин Айнӣ табрику муборакбод намуданд.

Дар Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки «хидматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ў ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Умедворам, ки ҷашни ин шахсияти барҷастаи миллат ва омўзиши ҳарчи бештари осори ў минбаъд низ ба тақвияти ифтихори ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии халқи тоҷик мусоидат мекунад»

Пешвои миллат дар Паёми табрикии худ ҳамзамон доир ба рушди илм ва мақоми он дар кишвар ишора карда, зикр намуданд, ки «дар сиёсати Ҳукумати мамлакат илм дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву ғамхории Ҳукумат барои рушди илм заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои дахлдор ва барномаву консепсияҳо дар соҳаи илм қабул шуданд, ки ба тавсеаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуданд. Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо ва марказҳои иттилоотиву техникӣ таъсис ёфта, ҷиҳати ба корҳои илмиву пажўҳишӣ машғул шудани олимону донишҷўён заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ шуда истодаанд».

Бо назардошти ин Пешвои миллат аз олимону донишмандони кишвар даъват ба амал оварданд, ки минбаъд ба хотири ҳифзу ҳимояи давлатдории миллӣ ва таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши бештар намоянд ва дар оянда низ дар пешрафти илми тоҷик, рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҳиссаи шоиста гузошта, номи пуршарафи илми тоҷикро боз ҳам баланд бардоранд.

АМИТ "Ховар"