ФУТБОЛ: имрӯз дар шаҳри Катманду дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Непал вомехӯранд

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби футболи Непал рақобат мекунад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бозии гурӯҳи «F» дар шаҳри Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:15 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Непал 4 сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дастааш ба Катманду танҳо баҳри пирӯзӣ омадааст. «Мутаассифона, мо дар ибтидои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба нокомӣ дучор шуда, ду бозиро ба Яман дар меҳмонӣ ва Филиппин дар хона бохтем. Дар бозии сеюм дар назди мо танҳо як вазифа – ба даст овардани се имтиёз гузошта шудааст ва ба ин васила мехоҳем худро дар назди мухлисонамон каме сафед кунем. Барои нигаҳ доштани имконияти ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан, ба мо дар бозиҳои боқимондаи даври гурӯҳӣ пирӯз шудан зарур аст, зеро роҳи дигар надорем. Бачаҳо хуб мефаҳманд, мо дар вазъияте қарор дорем, ки дигар ҳуқуқи аз даст додани имтиёзҳоро надорем. Муҳим нест, ки мо бо кӣ бозӣ мекунем, танҳо зарур аст се имтиёз бигирем. Дар ҳама гуна бозӣ муқобили рақиб бояд хуб омода шавем. Ва танҳо дар ин маврид натиҷаи мусбатро интизор шудан мумкин аст. Дар бораи дастаи мунтахаби Непал иттилои кофӣ дорем ва бозиҳояшро ба муқобили Филиппин ва Яман тамошо кардаем. Ҳоло ҳама бозии футболро омӯхтаанд. Рақибамон моҳир аст». Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 19 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Дар миёни онҳо чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Россия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) ҳастанд.

Tags: