Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 469 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид

Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 469 ҳазор афзоиш ёфта, аз 132,41 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 6 апрел, ба СУТ дар бораи 132 417 336 сироятшуда ва 2 873 715 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 469 530 нафар ва фавтидагон 7 271 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 31 490 563. Баъд аз он Бразилия (13 023 189), Ҳиндустон (12 686 049), Франсия (4 833 263), Россия (4 589 540), Британияи Кабир (4 362 15), Италия (3 678 944), Туркия (3 529 601), Испания (3 311 325), Германия (2 903 036), Колумбия (2 456 409) ва Полша (2 448 463) қарор доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: