Дар Хоруғ Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ба поён расид

Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ дар шаҳри Хоруғ бо имзои шартномаҳо ва тақдими ифтихорномаҳо ба поён расид. Намоишгоҳ бо ибтикори Кумитаи меъморӣ ва  сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон роҳандозӣ гардида, дар он беш аз 50 ширкати ватанӣ  маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Ҳадафи баргузор намудани намоишгоҳ- ин, пеш аз ҳама, аз рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, бунёди инфросохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ иборат буд.

Чунин ҳамоиш ва намоиши мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ баргузор гардида, меъморонро ба густариши табодули таҷриба ва офаридани лоиҳаҳои замонавӣ ҳидоят месозад. Дар ҳар гўшаи намоишгоҳ беш аз 50 ташкилоти лоиҳакашӣ ширкат намуда, дастовези дар замони истиқлолият офаридаи худро ба намоиш гузоштанд. Аксарияти лоиҳаҳои меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ дар амал татбиқ гардонда шуданд.

Лоиҳакашону меъморон ва сохтмончиён аз баргузории чунин намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда, онро майдони хубе барои сайқали такомули  санъати меъмории миллӣ медонанд. Дар намоишгоҳ 35 ташкилоти лоиҳакаш, 20 ташкилоти  истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва 10 нафар ҳунармандони ватанӣ аз гўшаю канори мамлакат бо маҳсулоти худ ширкат доштанд. Дар рўзи дуюми намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ баъди натиҷагирӣ иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки соли оянда  чунин намоиш дар водии Рашт баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: