Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА як зина боло шуд

Имрӯз, 7 июни соли 2018 Федератсияи байналмилалии футбол   рӯйхат ё худ раддабандии нави  дастаҳои  мунтахабро нашр намуд. Дар ин рейтинг дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 119-ум ҷой гирифт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳоло  дастаи  мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 264 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад.

Дастаи  мунтахаби футболи Германия бо касби 1558 имтиёз садрнишини ҷадвал мебошад.

Дар зинаи дуюм дастаи  мунтахаби Бразилия бо 1431 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи  мунтахаби футболи Белгия бо касби 1298 хол ҷойгир шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: